Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

"Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ"

18 майи 2022, чоршанбе

Санаи 18 майи соли 2022 дар Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" нишасти илмиву фарҳангӣ таҳти унвони "Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ" баргузор гардид, ки дар он мудири бахши иттилооти Кумита Сабоҳат Рустам иштирок ва баромад намуд. Нишасти илмиву фарҳангӣ ба ифтихори бузургдошти Рузи оила доир карда шуда, як қатор оилаҳои ҷавон ва намунавии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

 

 

 

Поделиться в