Мулоқоти судманд
19 майи 2022, панҷшанбе
Дар толори Коллеҷи техникии Тоҷикистон бо устодону омӯзгорон ва аъзоёну фаъолони ҲХДТ ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ, дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандорию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси масъулияти занону ҷавонон дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар низоми ором ва солим нигоҳ доштани вазъи ҷомеа, пешгирии ҳама гуна хушунат нисбати занону духтарон ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз вохурии судманд доир гардид.
Сабоҳат Рустам-мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур зимни баромад аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бо хислатҳои накӯи инсонӣ,
муваффақияту дастовардҳояшон парчамбардори миллат ва номбардорони асили волидайни хеш, нисбат ба Ватан, ба марзу буми он, ба хоки муқаддаси он содиқ, ватандору ватанпараст ва дар ҳифзи ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистон ҳамеша омода бошанд.