Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон
20 майи 2022, ҷумъа
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Точикистон бо иштироки донишҷӯён тренинги омӯзишӣ дар мавзуи "Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварӣ дар оила ва дигар ҳодисаҳои номатлуб дар ҷомеа" доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Раёсатҳои кор бо занон ва оилаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилояти Сугд, Хадамоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Вазорати корхои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятии "Фонди рушди ҷомеа", "Чашмаи хаёт" иштирок ва суханронӣ намуданд.