Муколамаи занони Осиёи Марказӣ
17 майи 2022, сешанбе
Дар асоси иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва номаи даъватии раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Мамедова Г. 13-уми майи соли 2022 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дар ҷаласаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуд.
Баргузории чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешбарии нақши занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, ки ду сол боз дар сиғаи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор мегардад, роҳандозӣ гардид.