Пешгирии зӯроварӣ дар оила
26 майи 2022, панҷшанбе
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 4-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба тадбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №294 "Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023" дар шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур семинари омӯзишӣ-машваратиро оид ба роҳ мондани фаъолият бо Кумитаи падару модарон ва Шурои омузгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар оила баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии зуровари нисбати кудакон ва тарбия намудани фарзандон бидуни зӯроварӣ мебошад.