Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху таммадун, расму ойинҳои миллӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф бо сухани ифтитоҳӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида баъдан чорабинии фарҳангиву фароғати пешкаши иштирокчиён доир карда шуд.
Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки дар баргузории фестивали мазкур аз руи 6 наминатсия намоиши сару либоси миллӣ аз қабили намоиши либоси кудакона, либоси рузмара, либоси идона ва муосир, либоси қадимаи чакан ва намоиши либоси тарроҳӣ бо нақшу нигори чакан ба тасвир гузошта шуд.
Инчунин, фаъолон ва ғолибони даври ноҳиявии фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” бо сипосномаву диплом сарфароз гардонида шуданд.