Вохӯрии судманд
Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тарғибу ташвиқи фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ, дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандорию ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз вохурии судмандро бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо баргузор намуд.