Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вокунишҳои Кумита вобаста ба вазъи ноороми ВМКБ ва филми " Шикасти фитна"

27 майи 2022, ҷумъа

    Таърих рафтори разилонаи ин гуруҳҳоро намебахшад. ҳар нафаре, ки ба миллату давлат ва мардуми хеш хиёнат кард он нобахшиданист.

   Пушаймонӣ баъд аз оне, ки хуни ҷавонони гумроҳ рехт, пушаймонӣ баъд аз оне, ки кудакон омадани падарони хешро интизоранд, пушаймонӣ баъд аз оне. ки модар дар фироқи ҷигарбандаш чун шамъ оҳиста-оҳиста месузад. Ин хиёнат, ин ватанфурушӣ, ин разилӣ нобахшиданист.

 

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: " Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намод".

    Оре, мо бояд дарк намоем, ки оромиву сулҳу суботи ватани азизамон осон ба даст наомадааст, ин ҳама оромиву субот аз талошу ҷонбозиҳои пайвастаи Сарвари дурандешу хирадмандамон аст, ки мебояд мо халқи тоҷик ба қадри он расем, онро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем, дар ободиву пешравии он ҷаҳду талош намоем, ба ҳар гуна дассисаву фитна дода нашавем ва нагузорем, ки оби чашми модари тоҷик дар фироқи ҷигарбандаш резад.

 

   Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, бояд садди роҳи ин гуна рафторҳои ношоистаи ҳамватанони зархарид бошем. Чашм кушодаву ақли солимро истифода карда, Тоҷикистони имрузаро бо Тоҷикистони 30 сол пеш муқоиса бояд кард. Ҳамаи ин рафторҳои ношоиста модаронро бефарзанд, кудаконро бе падар, завҷаҳоро бешавҳар хулас оби чашми мардумро резон, хотирашонро парешон карда душманони нотавонбини миллати куҳанбунёди моро шод мегардонад. Дар ин лаҳзаҳо мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва фирефтаи ҳар гуна вайронкорону хоинон нашавем.

 

Поделиться в