Вокуниши таълимгирандагони Чароғи ҳидоят вобаста ба вазъи ноороми ВМКБ
28 майи 2022, шанбе
Тоҷикистонро дигар қисмат макун,
Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон.
Модареро чун тавон қисмат намуд,
Пора – пора байни фарзандон?
Ҳамаи мо Бадахшонро дӯст медорем. Бадахшон низ порчае аз Тоҷикистон аст. Ҳаводиси ахири ноҳияи Рушон ва Хорӯғи вилояти Бадахшон нишон дод, ки таҳти ҳар шароите мо хусусан ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст надода бо неруи ақлони тамоми вазъиятро бояд баҳо дод. Бадахшон, Хатлон, Суғд ё минтакаи Рашт умуман Тоҷикистон хонаи ҳар яки мост. Мо ҷавонони даврони истиқлол сулҳу субот ва оромии Тоҷикистонро ба ҳеҷ ганҷу заре намефрушем. Дар ҳама ҳолат ҳушёриро аз даст надиҳем. Бо эътимод метавон арз намуд, ки бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонӣ мо метавонем истиқлолияти давлатии худро ҳифз наоему ватанамонро ободу зебо гардонем. Бешубҳа, оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар кишвар орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум низ меафзояд. Мурод аз офаридани порчаҳои дар боло зикршуда бешубҳа, бедор кардани ҳисси ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ аст. Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Тавре, ки устод Лоиқ гуфтааст:
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию бо Ҳофизи Шерозӣ.
Вақт аст, ки сари минбари озоди сухан,
Саъдии дигар, Ҳофизи дигар созӣ.