Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Давандаи австралиягӣ Мина Гули ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расид

28 майи 2022, шанбе

Шаҳрванди Австралия Мина Гули, ки шурӯъ аз 15 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар 11 марафон ширкат меварзад, боз ду марафони дигарро 24 май дар масири деҳаи Зиғар – маркази ноҳияи Дарвоз (42,2км) ва 26 май дар ноҳияи Ванҷ, қад-қади дарёи Ванҷ (42,2км) анҷом дода, дирӯз 27 май ба маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  расид. Дар ин бора ба АМИТ  «Ховар» дар котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки марафони дав бо иштироки Мина Гули бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар соли 2023 дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Муҳлати марафони дав то 10 июн идома меёбад. Дар ин муддат Мина Гули дар 11 марафони дав 458,2 километрро тай карда, аз захираҳои оби Тоҷикистон, аз ҷумла кӯли Сарез, пиряхи Федченко, неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак»  ва маконҳои сайёҳии Тоҷикистон дидан намуда, дар конференсияи 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (6-8 июн) ширкат мекунад.

 

16 май марафони аввали шаҳрванди Австралия дар Тоҷикистон дар самти Панҷакент – Айнӣ – Душанбе, дар масофаи 42 километр оғоз гардида, 18 май марафони дуюми давро ба масофаи 42,2 километр дар масири Шаҳритус — Носири Хисрав, 20-уми май марафони сеюми давро ба масофаи 42,2 км дар масири Фархор-Ҳамадонӣ ва 22 май марафони чорумашро ба масофаи 42,2 километр дар масири ноҳияи Шамсиддин Шоҳин – Зиғар, қад-қади дарёи Панҷ баргузор намуд.

Мина Гули ва ҳамроҳонаш дар ин муддат аз мавзеъҳои сайёҳии Саразм, Чилучорчашма, Бешаи Палангон ва обанбори Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ дидан карданд.

 

Поделиться в