Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ФОРУМИ ПЕШАЗКОНФРОНСИИ «ЗАНОН ВА ОБ» Баробарии боадолатона ва фарогир: Об моро муттаҳид месозад ДАР ДОИРАИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028"

06 июни 2022, душанбе
Форуми “Занон ва об” - 2022 дар доираи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 (Раванди оби Душанбе) бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари минтақавии СММ “Занон” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) дар якҷоягӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии САҲА баргузор гардид.
Форуми “Занон ва об” - 2022 таҳти унвони “Баробарии боадолатона ва фарогир: "Об моро муттаҳид месозад” бо иштироки намояндагони баландпоя, аз ҷумла Директори минтақавии Дафтари минтақавии СММ-занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Хонум Алия Эль-Ясир, Муассиси Лигаи байналмилалии «Занон дар илм» ва Директори иҷроияи Бунёди байналмилалии Шоҳигарии Академияи илмҳо (RASIT) малика Нисрин Эль-Хашимит, Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Терхи Хакала, Намояндагони Муколамаи занони Осиёи Миёна аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ўзбекистон, намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди пешвоёни Эътилофи об ва иқлим ҷаноби Султон Раҳимзода доир гардид.
Дар кори Форум намояндагони 42 давлати дунё, доираи васеи коршиносони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сиёсатмадорон, кормандони соҳаи илм: академикҳо, олимон, таҷрибаомўзон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, сармоягузорон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки амалу фаъолияти онҳо ба ҷанбаҳо ва равандҳои гендерӣ равона гардидааст, ширкат намуданд.
Форум самтҳои афзалиятноки робитаҳои мустаҳкам ва самарабахш бо равандҳои мавҷуда ва саҳми муттаҳидшуда дар Конференсияи СММ оид ба захираҳои об-2023, Конференсияи созишномаи Париж-27, фаъолияти минбаъда дар доираи натиҷаҳои Сессияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан, 7-умин солгарди Рўзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷиҳати таъмини муколама ва равандҳои мақсаднок дар идоракунии захираҳои об бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар ҳамаи сатҳҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаи дастрасӣ ба оби бехатари нўшокӣ ва иншооти санитариро барои зиндагии бароҳати ҳар як инсон, махсусан занону духтарон, ки аксар вақт истифодабарандагон, таъминкунандагон ва паҳнкунандагони асосии об дар оила мебошанд, муҳим арзёбӣ намуд.
Дар Форум ҷанбаъҳои асосии масъала муҳокима гардиданд:
- раванди амалисозии диди ҳамаҷонибаи ҳамгиро ва фарогир мураккаб буда, муносибати муназзамро талаб мекунад, ки барои мутобиқ шудан ба шароити доимотағйирёбанда ба қадри кофӣ чандир мебошад; ба механизми шарикии инноватсионӣ, байнисоҳавӣ, фаросоҳавӣ ва ҷомеа бо такя ба маълумотҳои тақсимшуда дар асоси маълумоти воқеӣ, роҳҳои ҳалкунанда ва таҷрибаи пешқадам диққати зиёд медиҳад, инчунин, баррасии шаклҳои устувори маблағгузориро тақозо мекунад;
- таъмини дастрасӣ ба низоми ягона ва ё махзани маълумот оид ба масъалаҳои гендерӣ бо мақсади дастгирии раванди қабули қарор, шарикии муассир ва сафарбаркунии захираҳо дар шакл ва андозаи зарурӣ дар асоси маълумоти далелнок, ки дар коркарди ҳам низоми махзани маълумот бо қолабҳои ҷамъоварии маълумоти кофӣ ва ҳам дар мубодилаи механизмҳо, аз ҷумла, ҷамъоварии таҷрибаи пешқадам сармоягузории иловагиро талаб менамояд;
-
- таҳкими робитаҳои мустаҳкам ва самарабахш бо равандҳои мавҷуда ва саҳми муттаҳидшуда дар Конференсияи СММ оид ба захираҳои об-2023, Конференсияи созишномаи Париж-27, фаъолияти минбаъда доир ба натиҷаҳои Сессияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан, 7-умин солгарди Рўзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ҷиҳати таъмини муколама ва равандҳои мақсаднок дар идоракунии захираҳои об бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар ҳамаи самтҳо.
Ҳадафи баргузории Форумро созмондиҳандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ ба роҳҳои ҳалли мушкилиҳо ва таҳкими фаъолият дар самти захираҳои об бо дарназардошти воқеияти гендерӣ ва алоқамандии онро бо рушди минбаъдаи раванди устувории об равона сохтанд.
 

Поделиться в