Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Корвони модарони Ваҳдатсаро

08 июни 2022, чоршанбе
Бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ “Корвони модарони Ваҳдатсаро” бо иштироки занону духтарони фаъол ва собиқадорони мамлакат аз ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки 80 нафарро ташкил медиҳанд ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар қасри фарҳанги вилояти Хатлон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ташрифи меҳмононро хайра мақдам гуфта, баргузории "Корвони модарони ваҳдатсаро"-ро аз иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи сулҳу субот арзёбӣ намуд.
     Маврид ба зикр аст, ки дар ифтитоҳи чорабинӣ Шарифӣ Фирӯза-муовини раиси вилояти Хатлон, Рудобаи Мукаррам-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию сиёсӣ Қурбонова Руқия Атоевна, Марҳабо Ҷабборӣ ва ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева оид ба фарҳанги сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки волотарин дастоварди миллати тоҷик маҳсуб меёбад, сухан ронда, нақши созандаи Пешвои муаззами миллатро дар пойдории сулҳу субот ва ваҳдати комили кишвар васф намуданд.
Ин иқдом то 11 июни соли равон идома ёфта, дар доираи он ташкил ва гузаронидании суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳот, қисмҳои низомӣ ва боздид аз мавзеъҳои таърихию-фарҳангӣ дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Поделиться в