Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Боздиди хонум Амина Муҳаммад аз макони татбиқи лоиҳаи “Нури рӯшноӣ"

09 июни 2022, панҷшанбе
Дар доираи Барномаи чорабиниҳо зимни ташрифи муовини Дабири кули Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад боздид аз макони татбиқи лоиҳаи “Нури рӯшноӣ” дар ноҳияи ҳадафноки лоиҳа - ноҳия Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ин боздид хонум Амина Муҳаммадро Директори минтақавии Дафтари СММ Занон хонум Алия Ал Ясир, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу, роҳбарони Агентиҳои СММ дар Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуданд.
Меҳмонони воломақомро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. ва муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М., кормандони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабул намуданд.
Хонум Амина Муҳаммад аз фаъолияти дармонгоҳи сайёр дар ноҳия дидан намуда, бо занону духтарон суҳбат доир намуд. Ҳамзамон, бо иштирокчиёни омӯзишҳо дар доираи лоиҳа мулоқот намуда, дар бораи ахамият ва сари вакт расондани ин гуна ёрӣ дар ноҳияҳои дурдаст ва оид ба расонидани кӯмакҳои саривақтӣ ба занону духтарон, бахусус, ҷабрдидагони зӯроварӣ сухан ронд.

Поделиться в