Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАНТАНАИ "ВАҲДАТ" ДАР "ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ"

28 июни 2022, сешанбе
    Дар Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят" бо ташаббуси Кумитаи кор бо  занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии "Рузи Ваҳдати миллӣ"
чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
 Дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон , собикадори мехнат ва собик Раисони Кумита Латофат Насриддинова ва Махфират Хидирзода, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, шоира Гулчеҳра Муҳаммадиева ва Сармухаррири нашрияи  "Народная газета" Маҳбуба Камолова, кормандони Кумита ва таълимгирандагони Марказ иштирок намуданд.
 
 
 
 

Поделиться в