Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишӣ

30 июни 2022, панҷшанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи бандҳои дахлдори "Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030" ва нақша-чорабиниҳои стратегияи мазкур барои солҳои 2021-2025 вобаста ба баланд бардоштани малакаҳои таҳияи стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ семинари омӯзиширо бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, намояндагони вазорату идораҳо, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор намуд.

 

Поделиться в