Мушовараи Кумита
07 июли 2022, панҷшанбе
Рафти баргузории Мушовараи Кумита оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи аввал ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2022 бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон дар Мушовара "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Шуҳрат, муовини Директрои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза мавриди баррасӣ қарор дода шуд.