Ҷаласаи навбатии ситод
Ҷаласаи навбатии ситоди дохилиидоравии амалкунандаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии каронавирус доир гардид.
Ҷаласаи ситодро муовини якуми Раиси Кумита Ғаффорзода Нигорахон гузаронида, вобаста ба ташкил ва баргузор намудани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, иттилоотонии аҳолӣ оид ба чораҳои пешгири намудани паҳншавии бемории сирояти каронавирус ба гурӯҳи кории Кумита супоришҳои мушаххас дод.