Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раванди баргузории озмун

27 июли 2022, чоршанбе
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
27 июл дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор ғолибони озмунро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор муборакбод гуфта, зикр намуд, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, ҳамасола баргузор мегардад ва сафи иштирокчиёни озмун сол то сол меафзояд.
Имсол дар даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 131 нафар довталаб, аз ҷумла 108 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 6 донишҷӯ ва 17 нафар калонсолони дорои касбу кори гуногун ширкат намуда, ҳайати доварон 51 нафарро ба даври минтақавии озмун лоиқ донистанд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2021 дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2 нафар довталаб аз шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок карда, сазовори Диплом ва ҷоизаҳои озмун гардиданд. Тибқи баҳогузорӣ ва андешаҳои ҳайати ҳакамон иштирокчиёни имсолаи озмун нисбати солҳои қаблӣ дар истеъдоду лаёқат ва малакаю маҳорат бартариятҳои зиёд доранд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки сафи ғолибон низ нисбат ба солҳои қаблӣ бештар мегардад.
Муовини раиси шаҳр, ҳамзамон раиси ҳакамони озмун Бунафша Юлдошзода, аъзои ҳакамон - мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мавҷуда Ҳакимова, мудири Китобхонаи марказӣ Савринисо Муссоева ва директори муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор Баҳодур Раҷабов дар фазои тантанавӣ ба ғолибони даври шаҳрии озмун Диплому ҷоизаҳои таъсиснамудаи МИҲД-ӣ шаҳри Ҳисор ва маблағҳои пулиро тақдим ва барои иштирок дар даври минтақавии озмун барору комёбӣ таманно намуданд.
Санъаткорони навраси шаҳр бо нишони эҳтиром ба ғолибон, волидайну устодонашон дастагули шеъру тарона ва рақсҳои ҷолибро эҳдо намуда, хотирашонро болида гардиниданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать
 
 
Поделиться
 
 

Поделиться в