Тоҷикистон боз 146-нафар фарзанди худро дар оғуш гирифт
26 июли 2022, сешанбе
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
Шоми 25 июли соли 2022 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 146 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд.
Ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳо барои нигоҳубин ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта амалӣ карда мешаванд ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои марбута ҷиҳати пурра баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи тоҷик аз Сурия ба Ватан дар ояндаи наздик саъю талош менамояд.
Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
41
Комментарии: 4
Поделились: 10
Нравится
Комментировать
Поделиться