Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Захираи зимистона

28 июли 2022, панҷшанбе
Имрӯз муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифи, Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шарифзода Шаъмигул ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳр аз заминҳои наздиҳавлигии маҳаллаи "Ғайрат"- и шаҳри Бохтар дидан намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифи ба кори деҳқонии ин хонавода баҳои қаноатбахш дода изҳор доштанд, ки аз ҳар қитъа замини дар ихтиёр дошта аз ин бештар мебояд истифода намуд. Дастурҳои Президенти мамлакатро ҷиҳати захираи дусолаи маводи ғизоӣ ба ин оила бори дигар ёдоварӣ намуданд.
Бояд гуфт, сокини ин деҳа дар замини наздиҳавлигии хеш
сабзавотҳои мухталифи кишоварзӣ аз шумори помидору, караму шалғам, қаламфури булғорӣ ва дигар номгуи сабзавотро парвариш намуда аз он то се чор ҳосил ба даст меорад.
Тавре дар суҳбат ин деҳқони асил иттилоъ дод,
ба ҷуз аз кишти сабзавотҳо ҳамчунин дарахтони гуногуни мевадиҳанда низ дар ин хонавода имсол самари хубе ба бор овардаанд. Ба андешаи мавсуф аз ин ҳисоб ҳам дар пешбурди рӯзгори хонавода ва ҳам дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузорад.
Дар ин замина ба меҳмонон намунаи зарфҳои махсуси шишагии мурабою шарбатро, ки дар фасли зимистон истеъмол карда мешавад, нишон доданд. Ҷиҳати бо риояи қоидаҳои махсус омодаткардани ин зарфҳо ба ин оила дастур дода шуд, зеро риоя накардани талаботи нигоҳдорӣ аксар бемориҳоро дар пай дорад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать
 
 
Поделиться
 
 

Поделиться в