Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳои судманд

01 августи 2022, душанбе
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шохмансур
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи суҳбат-вохўриҳои гурўҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони касбу кори гуногун ва шаҳраку маҳаллаҳои нохияи Шохмснсур мулоқотҳои гуруҳи корӣ баргузор гардид.
Зимни вохурии навбатӣ, ки дар толори Муассисаи таҳислоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳаллаҳои Гостелло, Дилшоди Барно, Афзалӣ ва Роҳи Нави ноҳияи Шоҳмансур доир шуд, масъулини Раёсати фарханги мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе дар суханронии хеш изҳор доштанд, ки ин суҳбат-вохуриҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни чунин суҳбатҳо бо сокинон риояи дурусти фарҳанги шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои бандҳои амалкунандаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” фаҳмонида мешавад. Ҳамзамон бо ин яке аз мақсадҳои асосии баргузории чунин мулоқотҳо бо сокинони касбу кори гуногун ин шарҳу тавзеҳи нишондодҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки сокинони пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, ки яке аз шаҳрҳои фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа ба шумор меравад, бояд бо ҳисси баланди масъулият дар корҳои созандагиву ободонӣ саҳми босазо гузоранд.
Ҳамзамон бо ин аз ҳозирин даъват карда шуд, ки бо тарбияи дурусти фарзанд ва шароит муҳайё намудани баҳри онҳо ба хотири аз худ намудани донишҳои замонавӣ низ саҳм бигузоранд, то онҳо номбардори шаҳру икшвар дар арсаи ҷаҳонӣ гарданд.
Дар поёни мулоқот инчунин аз иштирокчиён хоҳиш карда шуд, ки дар доираи риояи талаботи шаҳрнишинӣ партовҳоро дар вақти муайянгардида ба партовгоҳ бароранд ва ин амал ҳатман аз ҷониби калонсолон амалӣ карда шавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
9
 

Поделиться в