Тадбирҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб
03 августи 2022, чоршанбе
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона дар ташкилоту идораҳо, ҷомеаҳои меҳнатū, муассисаҳои таълимиву фарҳангии шахру дехоти Исфара чорабиниҳои маърифатию тарғиботӣ ва вохӯриву мулоқотҳо доир гардида истодааст.
Чунин як чорабинӣ дар толори маҷмааи «Бародарон»-и чамоати дехоти Кулканд бо иштироки муовинони раиси шаҳр Мадина Бобоиён, Суруридин Зиёваддинзода, комисари ҳарбии шаҳри Исфара Аличон Сангинзода, намояндаи ШВКД 1 дар шаҳри Исфара Гулноз Ҳошимова намояндаи гурӯҳи Авангард дар шаҳри Исфара Анвар Савридинов
баргузор гардид.
Мехмонон бобати мақсади чорабинӣ ва моҳияти ҷалби мардум ба ин гуна мулоқот сухан гуфтанд.
Аз ҷумла, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои терористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспӯшии ба фарҳангӣ мо бегона ва ба ин васила тарбия намудани насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ харф зада, ќайд намуданд, ки алхол дар Чумхурии Точикистон фаъолияти хизбу харакатхои ифротгаро хамчун ташкилотхои террористи -экстримисти аз чониби Суди Олии Чумхурии Точикистон манъ карда шудааст. Ба ин нигох накарда иддае аз чавонони нодону ноогох ба ин равияхои номатлуб шомил мегарданд, ки боиси таассуф аст.
Баъди шунидани маърӯзаи баромадкунандагон иштирокдорони мулоқот зикр намуданд, ки саҳми арзандаи худро дар бунёди ин давлати мутараққӣ гузошта, бо арзи эҳтиром ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбуб баҳри таҳкими сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, осудагӣ ва суботи Тоҷикистон тамоми ҳастии худро равона месозанд.
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Поделиться