Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сафари хубу хотирмон аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ

04 августи 2022, панҷшанбе
Сафари хубу хотирмон аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ
Бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» аз санаи 18-ум то 23-юми июли соли равон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт. Дар ин корвони мазкур 40 нафар фаъолзанони манотиқи кишвар, аз ҷумла аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Рашт бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон иштирок намуданд. Ҳадаф аз таъсис додани Корвони«Модарони Ваҳдатсаро» тараннум намудани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру нохияҳо ва ҷамоату деҳотҳои ВМКБ буд.
Нахуст Корвони «Модарони Ваҳдатсаро»-ро сафарашро аз ноҳияи Дарвоз оғоз намуд. Корвони мазкур ба 8 гурўҳ тақсим шуда, барои банда низ муяссар гардид, ки ба ноҳияи Роштқалъа сафар намоям. Гурӯҳи кории моро намояндагон аз ноҳияи Рашт, Хӯҷанд, Шаҳринав, Кӯлоб бо роҳбарии мудири шуъбаи умумии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбар Муродова ташкил мекард.
Бояд таззаккур дод, ки дар воқеъ, ганҷи ин кӯҳсорон солҳо боз ақли оламиёнро бурда, онҳоро шефтаю шайдо гардонидааст. Мо аҳли гурўҳ фаровонии ганҷи кӯҳистони Бадахшон, кӯҳи Лаълу лаъли Бадахшонро эҳсос менамудем. Сарбаландии Бадахшон аз баландии қуллаҳои ӯст. Аз қуллаҳое, ки осмонбӯс ҳастанду ҳам намоёну бовиқор. Сарзамини биҳиштосои Бадахшон чун қуллаҳои сарафроз дар домани худ мардумеро парваридаааст, ки чун кӯҳҳо ҳамеша сарбаланду шӯҳратманду маъруф ва маҳбуби ҳамагонанд.
Субҳи 19-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Хорўғ муовини раиси ноҳияи Роштқалъа бисёр ҳам зани хоксору фурӯтан Роза Гуламадшоева гурӯҳи кориро ба ноҳия бурд. Дар роҳ омаду рафти оби пуртуғёни дарёи тезҷараёнро, қуллаҳои баланди сарбафалаккашидаро бо шавқу шӯр тамошо мекардем. Чун ба ноҳия расидем, дар даромадгоҳ моро бо дафу дойра пешвоз гирифтанд. Ин ҳамаро дида, меҳрам нисбати мардуми зиндадилу фарҳангӣ боз ҳам афзун мегардид. Сипас роҳ сўйи ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиев гирифтем. Дар ин ҷамоат аз осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дидан намудем. Фарзанди эшон Сайёди Бунёд аз фаъолияти шоири ширинкалом қисса намуд. Аз он пай бурдем, ки Ширин Бунёд шоири ваҳдатсаро будааст. Бо вуҷуди он ки то охири умр дар Бадахшон мезист, шеъри сарааш аз ин диёри баландкӯҳ фаротар рафта, дар дили тамоми манотиқи кишвар ҷойгузин гашта, зеро шеъри ў тараннумгари ваҳдат васфкунандаи зебоиҳои тамоми Тоҷикистон буд. Чунончӣ навиштааст:
Ту ҳар кӣ бошӣ, зи Хатлон ё Зарафшонӣ,
Ту аз Хӯҷанд ва аз Ҳисору Раштонӣ.
Будем рӯзу шабон дар паноҳи ҳамдигар,
Ба гоҳи шодиву ғам мутаккои ҳамдигар.
Ту ҳар кӣ бошӣ, ки мо ёри якдигар будем,
Рафиқу ёру намакхори якдигар будем.
Биё! Чу дўст биё, чун бародари ҷонӣ,
Ки ҷои дўст бувад хонаи бадахшонӣ.
Дар ҳақиқат ҳам шеъри устод таронаи даъват ба муҳаббату ягонагӣ, дўстиву рафоқат ва якпорчагии кишвари маҳбуб буд. Аз хондани ин шеър эҳсос намудем, ки гўё ин шеър маҳз барои мо навишта шуда бошад. ки ин бори дигар садоқат будани моро ба ин мардум дучанд намуд. Дар назди ин осорхона бо мардуми сарбаланди ин деҳа як сўҳбати озод ороста шуд. Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини раиси ноҳия Роза Гуламадшоева кушода, сипас риштаи суханро роҳбари гурўҳи корӣ идома доданд. Дар рафти сўхбат сухан бештар дар бораи рўйдодҳои бузурги аср, ки бо ибтикору заҳматҳои шабонарўзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, мерафт. Дар ин ҷамъомад дигарон низ аз ба даст омадани Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ бозгўи намуданд.
Роҳ ба сўйи дўкони гирандаи гранти Президентӣ Довутова Алима раҳсипор шудем. Чун ба ин даргоҳ наздик шудем, алакай мардум зери дарахтони баланди қоматафрохта, бо ҳама саммимияту садоқату муҳаббати тасхиркунандаи худ моро интизор буданд. Довутова Алима дар дукони худ ресандагӣ, бофандагӣ ва дўзандагӣ мекардааст. Кормандони ин коргоҳ се нафарро ташкил намуда, қариб 15 нафари дигар коромўз мебошанд. Дар байни ин мардуми фарҳангдўст мо гўё ба олами афсонавӣ афтода бошем. Аз ҳар суҳбати онҳо, дидани манзараҳои дилфиреб, суннату расму оин, ҳунару одобу рафтору гуфтори мардум бархурдор мешудем.
Орзуи ҳар яки мо Бадахшон рафтану аз хонаи бадахшонӣ дидан намудан буд. Чун рўзи дигар расид ба ҷамоати деҳоти Тусён рафтем. Дар ҷамоати Тусён моро аҳли деҳа бо ҳамроҳии раиси ҷамоат Мастибеков Хаётбек ва раиси ҲХДТ дар ноҳия Раҷаббекова Манзура ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин ҷамоат пиру барно аз шодӣ мерақсиданду мебозиданд. Дар толори тозабунёд вохӯрии гурӯҳи корӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин ҷамоат оиди дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баргузор гардид. Дар рафти суханрониҳо қайд карда шуд, ки мо ин рисолатро ҳамчун қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ бояд баръало иҷро намоем, чунки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.
Баъди чанде аз он ҷо ба оромгоҳи Шоҳбурҳони Валӣ, ки дар масофаи 150 метр аз ҳамворӣ воқеъ буд, рафтем. Аз ҳама аҷобаташ ин буд, ки тамоман эҳсоси мондагӣ накардем. Баъди зиёрати ин бузургвор хостем баргардем, чун дидем, ки мардуми фарҳангсолор бо дафу дойра ва хушнудии тоҷикона моро аз сари сангу қуллаҳо аз баландӣ истиқбол мекунанд. Ҳатто модари 84-сола ба пешвози мо баромада буд. Хамин тариқ ба боло баромадем. Вақте дар он ҷо расидем бо таровату назокат ва табиати баҳороғӯши Шоҳдараи Бадахшон ошно гардидем. Гўё баҳор нав омада бошад, дарахтону алафҳои тару тоза, зардолуҳои нимпазу нав ғура баста, мардумашро ҳамчун сокинони меҳмоннавозу меҳмонсаро дарёфтем. Ва беихтиёр шукрона аз Сарвари давлату миллати таммаддунофар, аз вахдати миллӣ, сарҷамъиву тиффоқ будани мардуми шарафманди тоҷик мекардем. Чун ҳамешагӣ аъзои гурӯҳи корӣ дар байни мардум аз якдилию якдигарфаҳмӣ ва дастаҷамъии миллати тоҷик ҳарф мезаданд. Бо дуои пири 84-сола роҳ ба сўи деҳаи Бармеф гирифтем. Дар деҳаи Бармеф моро пиру барно хуш пазируфтанд. Садои шодиву сурур боз ҳам баландтар аланга мезад. Дилҳои пирони рўзгордидаву хирадманд ҷавон гаштаву қалбҳои навҷавонон ба шӯру шавқ омадаанд. Бо сокинони ин деҳа низ вохӯрии судманд намуда аз хўрокҳои миллӣ ва расму оину урфу одатҳои ин сарзамин аз наздик ошно шудем.
Муддате чанд гурўҳи кориро ба яке аз кўҳҳои баланд бурдани шуданд, фикр кардем тамом, паси ин кӯҳ дигар чизе нест. Вале аҷоиб…. Пушти ин куҳҳо деҳаи зебоманзари Девлох ҷойгир будааст. Девлохро чор тарафаш кўҳҳои баланди осмонбўси сарбафалаккашида, рўдҳои пурмавҷу пурталотум, ёлаву дашту кўҳсору даман иҳота кардааст. Дар он ҷо низ хурду бузург мерақсиданду мебозиданд. Мо бошем ҳар лаҳза шукргузорӣ аз оромии Ватани рушдёбанда менамудем. Бегоҳ бо аҳли зиёву фаъолони ҷамоат сўҳбат оростем. Ҳангоми сўҳбат кардан бо ин мардуми хушзавқу барнодил хулоса кардан мумкин аст, ки инсонҳои бисёр самимӣ ва хоксору ботамкинанд.. Қайд кардан ба маврид аст, ки Роштқалъа сарзамини мардуми соҳибмаърифат, меҳмоннавозу фарҳангсолор ва диёри меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Ин гуфтаҳо моро ба сӯйи ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакар деҳаи Бароч мебарад. Дар он ҷо моро пиру барно гарм пешвоз гирифтанд. Бисёр ҳам як сӯҳбати гарму самимӣ бо пирони рӯзгордида ва ҷавонони сарбаланди деҳаи Бароч гардид. Аз расму ойини ин сарзамин, аз қабилӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, дӯзандагӣ шиносоӣ пайдо намудем.
Рўзи дагар ҳамроҳии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҲҶТ Заррина Абдулмаинзода, сармуҳарири рӯзномаи «Народная газета» Камолова Маҳбуба, раиси ноҳияи Роштқалъа Шомирзозода Аъзам Мирмамад, муовини раиси ноҳия Роза Гуламадшоева ва ҳайати гурўҳи корӣ ба НБО-и Себзор рафтем. Аз рафти корҳои НБО ба мо тариқи презентатсия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Мебояд қайд кард, ки дар Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа як гурӯҳ кормандону аҳли зиё меҳмононро ба ҳузур пазируфтанд. Инчунин намоиши дастовардҳои варзишӣ ва олимпиадаҳои фаннии даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар толори зебову барҳавои мақомоти ноҳияи Роштқалъа Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳ.Ҷ. бо зиёиёни ноҳия бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабилӣ, ҷудошавии оилаҳо, бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зўроварӣ дар оила бо иштироки намояндагони вазорати адлия, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, корҳои дохилӣ, суди олӣ, мақомоти прокуратура, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мулоқот доир намуд.
Бояд гуфт, ки вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷик бояд эҳсоси муқаддаси охирин тоҷик дар пуштибонии тоҷики дигар бошад. Имрўз шукргузор аз онам, ки ин орзӯ, ки воқеан ҳам он рӯзҳо беш аз орзу чизе набуд, ба василаи ҷасорат, хирад ва ояндабинии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Инчунин дар ҷараёни сафар ба дӯкони грантгирандаи гранти Президентӣ Қурбонмамадова Салима рафтем. Ин бонуи ҳунарманд ҳама ҳунару истеъдоди худашро ба маърази тамошо гузошта буд ва аз дидани дӯхти куртаҳои замонавӣ ва ҳунари муҳрабофӣ табъи ҳозиринро шод намуд.
Дар ҳақиқат бисёр ҳам як сафари хубу хотирмон буд. Бо шукргузорӣ аз Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тинҷиву оромии кишварамон, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ мо тавонистем таввассути Корвони «Модарони Ваҳдатсаро» аз ин диёри биҳиштосои Ватанамон дидан намоем.
Иштирокчии корвони «Модарони ваҳдатсаро»,
декани факултети филологияи
руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи А. Рӯдакӣ Шарипова Одинамо
 
 
 
 
 
 
 
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
 
 
Нравится
 
 
 
Комментировать
 
 
Поделиться
 
 

Поделиться в