ҶАШНИ ФАРХУНДА МУБОРАК!
Тантанаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бо шаҳомати хоса таҷлил гардида истодааст. Хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ба даст овардани ин ганҷи бебаҳои миллат сарфароз буда, шукронаи давлати тинҷу ором, суботи ҷомеа ва ҳаёти осоиштаро доранд.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти ҷашни муқаддаси миллат, 31-умин солгарди шукӯҳи Истиқлоли безаволи Ҷумҳурии Тоҷикстон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлолият-рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдории давлат»-ро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо доир намуд, ки дар он дастоварду самараи сокинони мамлакат ва махсусан, занону бонувон дар замони 31-соли соҳибистиқлолии кишвар сухан рафт.
Раиси Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо ин санаи фархундаи миллат табрику муборакбод гуфта, зикр доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни истиқлоли давлатии худро дар фазои тантанаи сулҳу ваҳдат, якдиливу якмаромӣ, иттиҳоду иттифоқ таҷлил намуда, баҳри мустаҳкамии пояҳои ин арзишҳои пурқимати миллӣ ҷаҳду талош дорад.
Қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо исми муборак ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги кишвар маъво гирифтааст. Заҳматҳои пурарзиш ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми шарифро ба ҳифз, пуштибониву тақвияти рукнҳои Истиқлолият ҳамчун бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат ҳидоят мекунад.
Саҳми занону модарони тоҷик низ дар пойдорӣ ва инкишофи соҳибистиқлолии Тоҷикистони ҷавони пешрафта бағоят калон буда, маҳз ба шарофати истиқлолият чеҳраи сиёсии зани тоҷик шинохта гардид. Модарону хоҳарони хушиқбол дар пайравӣ аз сиёсати созандаву хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо масъулияти баланд нақши арзандаи худро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва дар тарбияи насли солиму ояндасози даврони истиқлол гузошта истодаанд.
Намояндагони вазорату идораҳо ба сухан баромада, аз фазилати созандаву ободкунандаи Истиқлоли кишвар ҳарф зада, таъкид бар ондоштанд, ки вазифаи ҳар як соҳибватан ҳифзи ин неъматҳои бебаҳо аст.