Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Корвони "Модарони ваҳдатсаро"

20 июни 2022, душанбе

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти корҳои тарғиботӣ – иттилоотӣ вобаста ба пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии мавқеи иҷтимоии занону бонувон, ҷавонон, таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қишри фаъоли ҷомеа, таҳкими пояҳои ваҳдату истиқлолият, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни пурғановати миллати тоҷик, тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарастӣ ва ватандорӣ корвони “Модарони ваҳдатсаро”-ро ба ВМКБ ва вилояти Хатлон сафарбар намуд.

  Корвони “Модарони ваҳдатсаро” аз ҳисоби ходимони давлатӣ, сиёсатмадорони варзида, ҷомеашиносон, фаъолон, собиқадорон, сардорону мудирони Раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуда, дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 8 то 11 июн ва аз 18 то 23 июли соли 2022 дар   шаҳру ноҳияҳои ин вилоятҳо бо аҳли ҷамоатҳои деҳот, сарбозону афсарони қисмҳои сарҳадӣ, муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Поделиться в