Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Тақвияти малакаи соҳибкорӣ

06 сентябри 2022, сешанбе

Ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 барои занону бонувони соҳибкор, гирандагони гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 семинар – тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар семинар - тренинг Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимзода Нигора, намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборов Зуҳайл Абдусатторович, муовини директори Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" Қурбонов Сулаймон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар семинари омӯзишӣ аз рӯи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гранти президентӣ аз рӯи бизнес – нақша, баланд бардоштани даромаднокӣ ва сифати маҳсулот, брендинги маҳсулот, тартиби гирифтани патент ва шаҳодатномаи соҳибкорӣ, пешниҳоди ҳисоботи грантӣ ва пардохти андозҳо, намудҳои маҳсулоти ҳунармандии аз пардохти андоз озодкардашуда, ғайримақсаднок истифода бурдани маблағҳои гранти президентӣ ва оқибатҳои он миёни соҳибкорон ва намояндагони мақомотҳои давлатӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Поделиться в