Истиқлолият калиди соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ
Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузурги таърихӣ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва рамзи олии ватану ватандории миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Ба ифтихори таҷлили ҷашни пуршукӯҳи миллӣ-Истиқлоли безаволи миллати тоҷик, ки бо талошу ҷонбозиҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, занону бонувони фаъоли соҳаҳои мухталиф таҳти унвони «Истиқлол-шаҳди истиқболи миллат» ҷаласаи тантанавӣ доир намуд.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ҳозиринро бо ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният гуфта, зикр доштанд, ки дар ба даст овардани ваҳдату истиқлоли комил саҳми занону бонувон низ назаррас аст. Бо дарназардошти хизматҳои шоистаи занону бонувон Пешвои муаззами миллат ҷиҳати қадршиносии эшон як зумра фаъолонро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз намуданд, ки ин таваҷҷӯҳи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгирии мавқеи иҷтимоии занону бонувон далолат медиҳад.
Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти суханрониҳои Раиси Кумита афзуданд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон ғамхориҳои равона гардида, имрӯз ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар рушди иқтисоди миллӣ фаъолияти густурда доранд. Мавсуф дар идомаи суханронӣ ба як қатор занону бонувони фаъоли соҳаи кор бо занон ва соҳаҳои мухталиф аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро тақдим намуд.