СОҲБИСТИҚЛОЛӢ – НЕЪМАТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ
Аз он рӯзе, ки Истиқлоли давлатии ҷумҳурии азизи мо ба ҷаҳониён эълон шуд, 31-сол сипарӣ мегардад. Агар ба таърихи давлатдорӣ назар андозем, ин муддати тӯлонӣ нест ва метавон гуфт дар ибтидои роҳ қарор дорем. Аммо чун ба корҳои бузурги дар ин даврон анҷомдода менигарем, дармеёбем, ки мо як марҳилаи бисёр душвор, вале дар навбати худ бисёр пурбору сарнавиштсозро пушти сар кардем. Ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати мо душворӣ пеш овард. Душворие, ки пойдории ҳам ҳастии миллат, ҳам ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ва ҳам истиқлоли давлатии тоза муяссаршударо зери хатари маҳвшавӣ мегузошт. Бо талоши як иддаи мансабталабони орӣ аз ҳуввият, ки дар хидмати хоҷагони хориҷии худ қарор доштанд, ҷанги шаҳравандии таҳмилӣ оғоз ёфт ва кишвари амну амон ноором гардиду миллати сарҷамъ пора-пора. Мо, ки шоҳиди он рӯзҳои даҳшатбор будем ва дар мақомоти корҳои дохилї фаъолият менамудем ростӣ аз вазъи ногувори бамиёномада умед ба ояндаи некро аз даст дода будем. Табиати инсонӣ ҳамин гуна аст: ба ҳар ҳолате, ки гирифтор шуд, ба назараш чунин менамояд, ки он поён надорад. Ба худ савол медодем, ки наход бо доштани родмардони баномуси ватан, таърихи қадим, адабиёте, ки саропо панду насиҳат асту инсонҳоро ба таҳаммулгароию расидан ба саодати зиндагӣ талқин мекунад, ба саодати рўзгор нарасем? Наход аз миёни ин миллат, ки фарзандони барумандаш дар рушду густариши тамаддуни башарӣ нақшу саҳми бориз доштаанд, фарде пайдо нашавад, ки тақдири давлату миллатро ба дасти худ гирад, сулҳу суботу оромиву осудагиро ба армуғон оварду хатари аз миён рафтани давлати навинамонро рафъ созад?
Дар ҳамон шабу рӯзҳои даҳшатбор, ки миллат сарсону саргардон буду сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ, модарону падарон ашки ҳасрат мерехтанду оби дидаи тифлакони маъсум рухсораҳояшонро мешуст, мардуми ба таҳлукаафтода тарки хонаву дар, ҳатто сарзамини аҷдодии худ мекарданд, Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҳама чашми умед ба ин шаҳру ба ин Иҷлосия доштанд ва умедвор буданд, ки он қодир аст дар ҷодаи ба эътидол овардани вазъи басо ногувору муташанниҷ нахустқадамҳоро гузорад. Умеди мардуми азиятдида бароварда шуд: баъди баҳсу талошҳои тезутунд билохира хиради солим боло гирифт ва нафареро дар садри давлат интихоб намуданд, ки он кас вазъро хуб дарк мекарданд, дар назди давлату миллат ҳамчун шаҳрванд ва фарзанд эҳсоси масъулият менамуданд, ҷасорату шуҷоат доштанд, омода буданд, ки барои ҳифзи япорчагии давлати тозабунёд ва истиқлоли кишвари азизашон ҷони худро нисор намоянд. Он рӯзҳо аз зеҳни мо нарафтааст, чун барои амнияти иштирокчиёни Иҷлосияи тақдирсоз кормандони мақомоти корҳои дохилии собиқ вилояти Кўлоб, ки банда он ҷо фаъолият менамуд сафарбар шуда буданд. Ҷасорату саховатмандии Роҳбари давлат дар он рўзҳои фоҷеаовар ҳамто надошт ва мунтазам аз шароити кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бохабар мешуданд, чунончї ба раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кўлоб, ки маҷлисгоҳаш ҳатто он рўзҳо оинаи нилгун (телевизор) надошт бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва ҳамарўза бохабар будан аз вазъи сиёсии кишвар ба кормандон телевизори ранга, ки он вақтҳо бениҳоят камчин буд туҳфа намуданд.
Хуб дар ёд дорем, ки чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб гардиданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст, тавассути шабакаи телевизионӣ, ки он вақтҳо ягона шабакаи иттилоотии кишвар буд суханронӣ намуда, бо тавзеҳи вазъи ҳукмфармо мардумро ба муттаҳид шудану наҷот додани давлату миллат аз маҳвшавӣ даъват намуданд, пиру барно бо дидани симои нуронии онҳо ва шунидани ҳарфи пур аз эътимоду боварашон дилпур гардиданд, ки он кас метавонанд ба даргириҳо хотима гузоранд ва оромиву осудагию сулҳу суботро дубора дар ин сарзамин ҳукмфармо созанд. Ва хушбахтона, чунин ҳам шуд. Бо гузашти сиюяк сол аз миён ва дар зеҳн зинда намудани ёди он рӯзҳои сиёҳ, ки силоҳ, куштор, хушунат, зӯроварӣ, таҳқир ва хорию забунӣ ҳокими мутлақ буд, шукр мегуем, ки Худо лутф карду фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанду давлати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Инро ҳам бояд қайд намуд, ки дар он рӯзҳо дар қиёс бо ин қаҳрамони миллат шахсиятҳои дигари дар сиёсат таҷрибадор зиёд буданд, аммо ҳамагӣ аз гирифтани бори масъулияти давлату миллат канор рафтанд, зеро дилпур набуданд, ки қодиранд вазъро ислоҳ бахшанд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, натавонистанд мисли дигарон ба худ иҷозат бидиҳанд, ки нисбат ба тақдири миллати шарафманду кишвари азизамон бетараф бошанд. Хуб дарк мекарданд, ки ба ифоқа овардани тарафҳои даргир кори саҳлу осон нест. Охир, ду бародар, фарзандони як падару модар, ки бо сар задани як нофаҳмӣ ба якдигар қаҳрї шудаанд, оштӣ дорондан осон муяссар намегардад, бо қиёс бо ин тасаввур шавад, ки коҳиш додани шиддати ғазабу оштӣ кунондани ҳазорҳо нафар, ки силоҳ ба даст гирифтаанд, якдигарро душман хондаанд, хуни якдигар рехтаанд ва чашмонашон хун баставу ташнаи гирифтани интиқом ҳастанд, то чӣ ҳад душвор аст? Хоса, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои зиёди манфиатҷӯйи дохилу хориҷ саъй менамуданд бо ҳар роҳу василаҳои мухталиф тарафҳорро барои идомаи ҷанг талқин ва онҳоро бо лавозимоти ҷангӣ таъмин бикунанд, поён бахшидан ба даргирӣ ба назар номумкин менамуд. Аммо чун Роҳбари давлат ба миллати ҷафодидаи хеш аз минбари баланд ваъда дода буданд, ки «Ман барои Шумо сулҳ меорам!», дар қавли хеш устувор монданд, вафо ба ваъдаро аз оини ҷавонмардӣ донистанд ва ҷони хешро дар хатар гузоштанду барои дар амал татбиқ намудани ваъдаи додаи хеш камари ҳиммат бастанд. Ва шукр, ки бо корбурд аз хиради волои хеш ва такя бо мардум тавонистанд тарафҳоро мутақоид созанд, ки агар бахшишу гузашт накунем, агар манфиати давлату миллатро аз манфиати шахсию гурӯҳӣ боло нагузорем, агар силоҳро насупорем, ба хушунату даргириву куштор хотима надиҳем, аз миён рафтани давлату миллат аз эҳтимол дур нест ва насли оянда ба ҳеч ваҷҳ моро нахоҳад бахшид. Дар он айём барои Роҳбари давлат дар баробари анҷоми кори давлатдорӣ хотима бахшидан ба даргирӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аз муҳимтарин вазифаҳо буданд. Мусаллам аст, ки агар ба ҳастии миллат ва истиқлоли давлат хатар таҳдид мекунад, қабл аз ҳама бояд барои рафъи ҳарчи зудтари он тадбир андешида шавад, зеро бидуни ин пиёдасозии ормонҳои миллию давлатдорӣ номумкин аст. Ва дар ин самт аввалин кореро, ки роҳандозӣ карданд, ин оғоз бахшидан ба музокироти миёни тарафҳои даргир буд. Бар ин андеша, ки ҳарфи Роҳбари давлат аз ҳарфи дигарон бартару арзишмандтар аст ва метавонад тарафи муқобилро мутақоид созад, ки тасмими сулҳофарии ӯ ҷиддӣ ва аз дигар ҳадафҳо волост, ба монеаҳо, ба таҳдиди хатар ба ҷон ва дигар омилҳо нигоҳ накарда, худашон ба Хустдеҳи Афғонистон рафтанд ва рӯ ба рӯ бо роҳбарону намояндагони тарафи мухолифин мулоқот оростанд. Ин дар раванди сулҳи миёни тоҷикон қадами устувору ҷиддие буд, ки мо аз файзи он имрӯз бархурдор ҳастему ояндагон низ баҳравар хоҳанд буд. Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ бузургтарин қаҳрамонӣ ва арзишмандтарин хизмати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба давлату миллати тоҷикон аст. Бидуни шак, ин хизмати Роҳбари давлат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин китобат шудааст.
Масъалаи доғ ва мубрами дигаре, ки дар он шабу рӯз бояд анҷом дода мешуд, ин ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ буд. Ин ҳам аз умдатарин ҳадафҳои Роҳбари давлат ба шумор мерафт. Зеро хуб медонист, ки беватанӣ барои инсон сангинтарин ҳолат буда, ёди хоки аҷдодӣ ҳаргиз аз зеҳни фарди ғарибгашта зудуда нахоҳад шуд. Чун дар даврони мавриди назар эътимоду боварӣ нисбат ба якдигар аз миён рафта буд, барои баргаштан ба Ватан талқин кардани муҳоҷирон кори осон набуд. Сараввал муҳоҷирон ба фиристодаҳои Роҳбари давлат бо шакку шубҳа менигаристанд ва бовар надоштанд, ки амнияти онҳо дар зодгоҳашон таъмин карда мешавад. Аммо ба фиристодаҳо муяссар гардид, ки эшонро мутақоид созанд, ки Роҳбари давлат на танҳо барои таъмини зиндагии осудаи онҳо, балки ҷиҳати барқарорсозию азнавсозии хонаву дари сӯхтаву валангори онҳо низ тадбирҳои мушаххас андешидааст. Билохира, маҳз бо ҷаҳду талош ва тадбирандешии саривақтии Роҳбари давлат зиёда аз як миллион ҳамтаватанони мо аз зиндони ғурбат, хорию забунӣ раҳо ёфтанд ва дубора ба марзу буми аҷдодии хеш баргаштанд. Роҳбари ғамхору дилсӯзи миллат бо ин роҳ нагузоштанд, ки тақдири ҳамватанони мо дар солҳои бистуми қарни гузашта дубора такрор ёбад. Ин хизмати бузурги Роҳбари давлат дар таърих назир надорад. Барои тасдиқи дурустии ин нуқта назар намудан ба сарнавишти фоҷеабори мардуми кишвари ҳамсоя, Афғонистон басанда аст.
Метавон ақида кард, ки корҳои бузурги ободониву созандагӣ дар кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, маҳз баъди ҳалли ниҳоии худро ёфтани ҳамин ду масъала – хотима бахшидан ба даргириҳо ва баргардонидани гурезаҳо оғоз ёфт.
Баробари муяссар гардидани сулҳу субот дар кишвар ҷаҳониён ба мо бо чашми дигар назар андӯхтанд, ба миллати сулҳдӯсту сулҳофар будани мо эътимод ҳосил намуданд ва ба ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар сиюяк соли соҳибистиқлолию давлатдорӣ дар самти боло бурдани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, таъмини амният, бунёди иншооти таъиноти гуногун, роҳсозӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф, таъсиси коргоҳҳо, эҳёи расму суннатҳои мардумӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, боло бурдани иқтисоди хонаводагӣ ва ғайра корҳои басо назаррас анҷом дода шуданд, ки дар робита ба ин борҳо изҳори назар шудаву мо дар ин навиштаи хеш такрори онро муносиб надонистем. Агар қазоват кунем, аз даврони соҳибистиқлолии мо даҳ соли аввали он бо нооромӣ гузашт ва тамоми дастовардҳои беназир, дар самтҳои мухталиф дар ҳамин бистуяк соли охир муяссармон гардидаанд, ки ин аз он гувоҳӣ медиҳад ҳама ҷаҳду талош дар умури давлатдорӣ дар сурати поянда будани оромиву осоиштагӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бидуни муболиға, дар ин муддати кӯтоҳ, яъне сиюяк соли соҳибистиқлолӣ мо бузургтарин корҳоро анҷом додаем. Воқеан хиради воло ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ҳамасола ба истиқбол аз истиқлоли Ватан ҳидоятгар асту фазои осоишта кишварро ҳукмфармост.
Мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Дар фароварди сухан ҳамватанони азизамро бо ин ҷашни фархунда сидқан табрик мегӯям ва умедворам, ки барои ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун бо корбурд аз донишу маҳорату истеъдод ва мавқеи шаҳрвандии худ минбаъд низ содиқона хизмат хоҳанд кард.
Поянда бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Саидвализода Б.С.
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илми ҳуқуқшиносӣ