Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Табрикоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба ифтихори ҷашни пуршукӯҳи 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09 сентябри 2022, ҷумъа
Модарону хоҳарони арҷманд!
Мардуми сарбаланди тоҷик ҷашни истиқлоли давлатии худро дар фазои тантанаи сулҳу вахдат, якдиливу якмаромӣ, иттиходу иттифоқ таҷлил намуда, баҳри мустаҳкамии пояҳои ин арзишҳои пурқимати миллӣ ҷаҳду талош дорад.
Ба хотири ин ҷашни таърихӣ кулли занону бонувони баландиқболи Тоҷикистони азизро бо фархундарӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод намуда, бахту саодат, зиндагии осуда, файзу баракат ва сарсабзию комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон махз бо исми муборак ва талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби хурду бузурги кишвар маъво гирифтааст. Заҳматҳои пурарзиш ва фидокориҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми шарифро ба ҳифз, пуштибониву тақвияти рукнҳои Истиқлолият ҳамчун бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат ҳидоят мекунад.
Махз ба шарофати истиқлолият ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон чехраи сиёсии зани тоҷик шинохта гардид. Модарону хоҳарони хушиқбол дар пайравӣ аз сиёсати созандаву хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо масъулияти баланди ватандӯстиву ватандорӣ нақши арзандаи худро дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва дар тарбияи насли солиму ояндасози даврони истиқлол гузошта истодаанд.
Бо шукргузорӣ аз ин соҳибистиқлолӣ, суботу оромӣ ва рушду шукуфоии ватани азизамон бори дигар ба Шумо иди озодию ободӣ, шукуфоӣ ва садоқату дилкушоӣ бо таманнои хушбахтӣ ва бурдбориҳо дар марҳилаи ҳаёту фаъолият, дар оғози корҳои бузурги созандагӣ ва бунёдкориву ободонӣ муборак мегӯям.
Ҷашни Истиқлоли миллат муборак бошад!

Поделиться в