Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

МАҚОМИ ЗАНОНИ РӮШОН ДАР ПАРЛАМЕНТИ ТОҶИКИСТОН

13 сентябри 2022, сешанбе
Аз ҳаёти вакилони халқ
Вақте ки ба саҳифаҳои таърихи Совети Олии СССР ва Совети Олии РСС Тоҷикистон (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муроҷиат карда, аз саҳми занони тоҷик ҳамчун депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон маълумот ҷустуҷӯ мекунем, ибтидои он аз солҳои сиюм сарчашма мегирад. Шумораи заноне, ки чун депутат ба Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудаанд, дар ҷумҳуриамон хеле зиёданд. Метавон ҳар шаҳру ноҳияро дар алоҳидагӣ навишт ва он китобе хондание хоҳад шуд.
Ин навбат тасмим гирифтем аз таърихи интихоби занони пешқадам ва фаъоли ноҳияи Рӯшон ба депутатӣ дар асоси китоби «Вакилони халқ солҳои 1938- 2000» (Душанбе, «Деваштич», соли 2006, 786 саҳ.) хонандагони рӯзномаро огоҳ намоем.
Дар даврони Ҳокимияти Советӣ анъана шуда буд, ки бештари депутатҳои Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон аз байни роҳбарони ҳизбӣ ва давлатӣ, хизматчиён, коргарон муаллимон, говдӯшон ва ғайраҳо ба Совети Олӣ интихоб мешуданд.
Тибқи маълумотҳо колхозчизани колхози ба номи В.И. Ленини деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон Гулбегим Раҳмонова ҳанӯз соли 1937 аз ноҳияи Рӯшон аввалин зане мебошад, ки депутати Совети Олии СССР интихоб шуда буд. Колхозчизани ҷавон дар кори сессияҳои Совети Олии СССР дар шаҳри Москва фаъолона иштирок мекард. Баъди бозгашт аз сессия, аз шаҳри Москва, Гулбегим Раҳмонова бо сокинони ноҳия ва вилоят чандин мулоқоту вохӯриҳо дошт. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти Совети Олии СССР муваққатан қатъ гардид ва танҳо 10- феврали соли 1946 аз нав интихобот ба Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон гузаронида шуд.
Устод Мирзо Турсунзода он солҳо ба занҳо- депутатҳои Совети Олии СССР шеъри «Аз Бадахшон то Кремл»- ро бахшида буд.
Аз сари кӯҳи баланди мулки ман,
Аз Бадахшони советӣ хоҳаре,
Чун депутат сӯи Маскав шуд равон,
Духтари маҳбуби халқи кишваре.
Дар дами наззора чашмони сиёҳ,
Медурахшиданд монанди алав,
Ӯ сухан мекарду дар ҳар як сухан,
Дошт беҳад ифтихор аз бахти нав.
Чун депутат, чун вакили халқи худ,
Ман ба Маскав шоду хандон меравам,
Бо умеду орзуҳои бузург,
Аз диёри Тоҷикистон меравам.
Баъдҳо, соли 1954 сардори бригадаи комсомолон ва ҷавонони деҳаи Деррӯшон Назарбегим Қурбонмамадова депутати Совети Олии СССР (солҳои 1954- 1959, даъвати 4) интихоб шуд. Ин ҷавондухтари меҳнатқарин хислатҳои кордонӣ ва ташкилотчигиашро дар солҳои вазнини 1941- 1945 нишон дода, дар баробари кишту кори зироатҳои полезӣ, ғалладона ва парвариши кирмак, инчунин ҳамроҳи аъзоёни бригадааш барои фронт меваи хушк, ҷӯробҳо ва дастпӯшакҳои пашмин тайёр карда мефиристониданд.
Чун депутат масъулиятро бештар ҳис карда, дар байни аъзоёни ҷавони колхоз корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебурд. Бригадае, ки ӯ сарвариашро бар уҳда дошт, планҳои солона ва панҷсоларо пеш аз муҳлат иҷро мекард. Меҳнати софдилонаи ин зан бо ордени «Нишони фахрӣ» қадрдонӣ шудааст. То рӯзи вафоташ (соли 2003) ин зани наҷиб дар корҳои давлатӣ ва ҷамъяитӣ фаъолона иштирок мекард.
Говдӯши колхози ба номи «Победа»- и ноҳияи Рӯшон Қурбонбегим Одинабекова нақшаҳои солонаашро пеш аз муҳлат, барзиёд, иҷро мекард. Яке аз колхозчиёни фаъоли ноҳия ва вилоят ба шумор мерафт.
Сокинони ноҳия ӯро соли 1958 депутати Совети Олии СССР (солҳои 1958- 1963) интихоб карда буданд.
К. Одинабеков дар ин самт низ худро чун содиқи Ватан нишон дода, ҳам дар корҳои колхозӣ ва ҳам дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии ноҳияи Рӯшон, умуман ҷумҳурӣ хеле фаъолона ширкат менамуд.
Ҳукумати Советӣ хизматҳои Қурбонбегим Одинабекова бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат», медалҳо ва унвони Устоди чорвопарварии РСС Тоҷикистон сарфароз гардонидааст.
То солҳои шастум аз занони фаъол, пешқадам ва касбу кори гуногун се нафар депутати Совети Олии СССР интихоб шуда буданд, ки ин аз мавқеи зани дар ҷомеаи он айём далолат мекард.
Солҳои баъдӣ ҳам аз ҳисоби занон ва ҷавондухтарони рӯшонӣ- колхозчиёни пешқадам, санъаткорон, муаллимон, духтурон ва кормандони ҳизбию давлатӣ чун депутат ба Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб мешуданд.
Аз байни занони ноҳияи Рӯшон аввалин зане, ки ба Совети Олии РСС Тоҷикистон депутат интихоб шудааст, ин ҳунарпешаи Театри мусиқӣ- драмавии шаҳри Хоруғ, Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Савсан Бандишоева мебошад. Ҳанӯз солҳои 1941 ва 1957 Савсани ҷавон санъати халқи тоҷикро дар Даҳаҳои адабиёт ва санъати халқи тоҷик дар шаҳри Москва бо суруду таронаҳои дилангези худ хеле баланд бардошт. Ҳамчунин, барои иҷрои нақши Кручинина аз драмаи «Гунаҳкорони бегуноҳ»- и А.Н. Островский дар Намоиши санъати Помир дар шаҳри Сталинобод (соли 1946) аз тарафи роҳбарони давлат, бахусус котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва тамошобинони пойтахт баҳои баланд гирифта буд. Соли 1941 бо ордени «Нишони фахрӣ» қадр гардид.
Сокинони ноҳияи Рӯшон Артисткаи халқии РСС Тоҷикистон Бандишоеваро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №283-и ноҳияи Рӯшон депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1947- 1951, даъвати дуюм) пешбарӣ ва интихоб карданд. Ин боварии халқ дар назди санъаткори шинохта масъулияти дигаре гузошта буд ва ин бонуи ҳунар ваколати депутатиашро хеле самаранок сарфи интихобкунандангонаш намуд.
Аёрхотун Гулшаева зодаи деҳаи Ҷизеви собиқ ноҳияи Бартанг буд. Ӯ солҳои 1937- 1945 ҳамчун колхозчии колхози ба номи Ф.Э. Дзержинскийи ноҳияи Бартанг ва солҳои 1945- 1960 говдӯши колхози ба номи М.В. Фрунзе- баъдҳо колхози ба номи Н.С. Хрушёв софдилона кор кардааст. Бояд қайд намуд, ки Аёрсултон Гулшаева аз байни занони водии дурдасти Бартанг аввалин занест, ки соли 1955 аз ҳавзаи интихоботии Бартанг (289-и ноҳияи Рӯшон (солҳои 1955- 1959, даъвати чорум) дупутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Заҳматҳои ин зани меҳнатқарин бо медали «Барои меҳнати шуҷотанок дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945», унвони «Говдӯшзани беҳтарини республика» (соли 1958) ва грамотаҳои фахрӣ қадрдонӣ шудааст.
Аёрсултон Гулшаева ҳамчун зан- депутат дар байни занон ва ҷавондухтарони водии дурдасти Бартанг сиёсати давр ва корҳои тарбиявӣ - меҳнатдӯстиро мегузаронид.
Яке аз занони шинохта ва пешқадами ноҳияи Рӯшон Меҳрафрӯз Саъдоншоева ба шумур дохил мешуд, ки зинаҳои гуногуни роҳбариро аз аъзои колхоз, ҷонишини раиси колхози ба номи Ленин, раиси Ҷамоати Баррӯшон, инстурктори комиҷроияи ноҳияи Рӯшон тай намудааст.
Ҳамчун зани ҷавон ва кордону ташкилотчигӣ сокинони ноҳия ӯро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №291- и ноҳияи Рӯшон (солҳои 1959- 1963, даъвати панҷум) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб карданд. Депутат Саъдоншоева дар сессияҳоии Совети Олии РСС Тоҷикистон баромад карда, ҳамеша манфиати интихобкунандагонашро ба инобат мегирифт.
Солҳои охири кориаш сарвари бригадаи совхози «50- солагии Октябр»-и ноҳияи Рӯшонро бар уҳда гирифта, то ба нафақа баромаданаш хеле бошарафона кор кард.
Аълочии маорифи халқи СССР, собиқ директори мактаби миёнаи ба номи А. Лоҳутии маркази ноҳияи Рӯшон Гулбегим Паллаева аз зумраи занони шинохтаи на танҳо вилоят ва ҷумҳурӣ, балки дар собиқ Иттифоқи Советӣ маълуму машҳур гардида буд. Қобилияти кордонӣ, ташаббускорӣ ва роҳбарӣ муаллимаи таҷрибадорро ба инобат гирифта, сокинони ноҳия ӯро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №308-и ноҳияи Рӯшон депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб намуданд. Гулбегим Паллаева солҳои 1967- 1971, даъвати ҳафтум фаъолияти депутатиашро хеле самаранок истифода бурд. Дар пайравӣ ва ҳидояти ӯ чандин ҷавондухтарон ба корҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда ҷалб шуданд.
Солҳои охир Гулбегим Паллаева дар зодгоҳаш, дар мактаби миёнаи №8-и деҳаи Дерзуд муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик буд ва дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошт.
Тарҷумаи ҳол ва фаъолияти меҳнатии ходими давлатӣ ва ҳизбӣ Амондавлат Ниёзмамадова хеле ҷолибу рангин аст. Дастпарвари факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) фаъолияти кориашро аз агрономи колхози ба номи Ленин оғоз намудааст. Баъдҳо, солҳои 1969- 1971 раиси колхози ба номи Ленин, солҳои 1971- 1977 раиси Ҷамоати Баррӯшон ва солҳои 1977 – 1983 раиси комиҷроияи ноҳияи Рӯшон шуда, кор кардааст.
Амондавлат Ниёзмамадова аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон, №322- и ноҳияи Рӯшон соли 1975 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гаштааст. Ӯ солҳои 1975- 1980, даъвати нуҳум манфиати интихобкунандагонашро ҳамчун роҳбари ноҳия ва депутат ҳамеша аз ҳама чиз боло мегузошт.
Солҳои минбаъда Амондавлат Ниёзмамадова дар вазифаи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Рӯшон ва ҷонишини раиси комиҷроияи ВМКБ кор кардааст.
Баъде, ки ба истироҳати хизмати баромад, яке аз ташкилотчиёни фаъоли чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангии ноҳияи Рӯшон буд.
Умр гузарон аст ва имрӯз мо аз он депутатҳое, ки дар қайди ҳаёт нестанд - депутатҳои Совети Олии СССР Гулбегим Раҳмонова, Назарбегим Қурбонмамадова, Қурбонбегим Одинабекова, депутатҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон Савсан Бандишоева, Аёрсултон Гулшаева, Меҳрафрӯз Саъдоншоева, Гулбегим Паллаева ва Амондавлат Ниёзмамадова, ки дар пешбурди кор ва тарбияи ҷавонзанону духтарон ва сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ саҳми назаррас гузоштаанд, некхоҳона ёд мекунем. Руҳашон шод бод!
Тавре ки дар оғоз қайд намудем, он солҳо ба депутати шахсони касбу кори гуногун пешбарӣ ва интихоб мешуданд. Дар он давра ду нафар духтур- гинеколог Давлат Миралиева ва Қурбонсултон Амрихудоева, ки дар беморхонаи ноҳияи Рӯшон ба табобат ва ҳифзи саломатии сокинони ноҳия машғул буданд, бо навбат депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Духтури бемориҳои занона Давлат Меҳралиева дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, солҳои 1974 - 1976 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душнабе ва духтур- гинекологи беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор кард.
Солҳои 1976 - 1988 дар беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон духтур- гинеколог шуда, аз пайи саломатии модару кӯдак кӯшишҳои зиёде кардааст.
Хизматҳои ин табиби ҳозиқро ба назар гирифта бошандагони ноҳияи Рӯшон ӯро аз ҳавзаи интихоботии Рӯшон №347- и ноҳияи Рӯшон (солҳои 1980- 1985, даъвати даҳум) депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб намуданд. Давлат Миралиева дар давраи депутатиаш корҳои намоёнро ба субут расонидааст. Ӯ аз соли 1988 то ба нафақа баромаданаш дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ кор мекард. Ба синну солаш нигоҳ накарда, дар чорабиниҳои сиёсии шаҳри Хоруғ иштирок мекунад.
Духтур- гинеколог Қурбонсултон Амрихудоева на танҳо дар байни сокинони ноҳияи Рӯшон, балки ҷумҳурӣ шинохта аст ва дасти шифобахшаш ба сари ҳар кӯдаку навзод ва модарон расидааст. Қ. Амрихудоева низ дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, баъди хатми он солҳои 1978- 1979 дар Таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе ва солҳои 1979- 1983 дар Беморхонаи ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ. Румӣ) кор кардааст.
Аз соли 1983 то имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон духтур- гинеколог шуда, баҳри ҳифзи саломатии наслҳои солим садоқатмандона меҳнат мекунад. Натиҷаи меҳнати ҳалол ва ҳифзи шабонарӯзии ин духтури мушфиқ ва меҳрубон буд, ки бошандагони ноҳияи Рӯшон соли 1985 ӯро намояндаи хеш ба Совети Олии РСС Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Ҳамин тавр, духтур- гинеколог Қурбонсултон Амрихудоева солҳои 1985 - 1990, даъвати ёздаҳум депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Панҷ соли депутатӣ барои ӯ як мактаби калони ҳаёт ва кор гардид. Дар баробари ҳифзи саломатии инсонҳо акнун ӯ баҳри беҳбудии зиндагиашон низ кӯшишу талошҳои зиёде кардааст. Ба дафтари кории ӯ на танҳо барои табобату маслиҳат, балки ҳалли мушкилоти рӯзгорашон меомаданд.
Депутат Қ. Амрихудоева муроҷиати ягон интихобкунандаашро бе ҷавоб ва ҳал нокарда, намемонад. Панҷ соли фаъолияти депутаташ хеле самаранок гузаштааст. Алҳол низ ӯ яке аз фаъолзанони ноҳияи Рӯшон ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати зани тоҷик боз ҳам бештар боло рафт. Дар ин роҳ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёне ба амал расонидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ба муносибати ҷашни байналмилалии занон (6 марти соли 2003) гуфта буд.
«Ба андешаи ман, дар ҷаҳон кам давлате пайдо мешавад, ки дар мақоми гуногуни он занон мисли Тоҷикистон фоизи баланди намояндагӣ дошта бошанд. Масалан, дар ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон занон, - имрӯз қариб 20 фоизро ташкил медиҳанд, ки чунин нишондиҳандаи баланд дар таърихи парламентаризми кишварамон ҳеҷ вақт вуҷуд надошт. (Дар Маҷлиси миллӣ аз 33 нафар 5 нафар занон ва дар Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил 11 нафар занон).
Аз ҷумлаи занон ҳоло дар вазифаи муовининони раисони палатҳо, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд».
Занони ташкилотчӣ ва ташаббускор ба монанди Назарбегим Муборакшоева ва Қобиламоҳ Ғуломшоева дар солҳои гуногун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Назарбегим Муборакшоева солҳои 2000- 2005 даъвати дуюм аз ҳавзаи интихоботии №1 Хоруғ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (17 апрели соли 2000) муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Саҳми ӯ чун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва ҷонибдории қонунҳои нав хеле назаррас буд. Чун намояндаи Маҷлиси миллӣ ӯ дар кори ҷаласаҳо, сафарҳои хориҷӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ хизмати шоёне кардааст.
Барои кори пурсамараш ва иштироки фаъолона дар кори ҷаласаи чоруми Ассотсиатсияи парламентҳои Осиё барои Сулҳ дар Ҷумҳурии Филиппин ба Назарбегим Муборакшоева медали нуқрагини Палатаи намояндагони Парламенти Ҷумҳурии Филиппин супорида шуд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Назарбегим Муборакшоева бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардид.
Ин зани сиёсатмадор ва дар ҷумҳурӣ шинохта 12 июли соли 2020 дар синни 68- солагӣ дар шаҳри Хоруғ вафот кард.
Бори нахуст дар таърихи ВМКБ сарварии Иттиҳодияи истеҳсолии таъмиру истифодабарии мелиоративии ВМКБ- ро зан роҳбарӣ мекард. Бонуи чашмикордон ва ҷасур Қобиламоҳ Ғуломшоева ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, солҳои 2002- 2009 дар ин вазифа хеле самаранок кор кард. Айнан дар ҳамин давра Қ. Ғуломшоева аз ҳавзаи интихоботии №1-и шаҳри Хоруғ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2005- 2010, даъвати сеюм) интихоб гардид.
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 15 июли соли 2005) Қобиламоҳ Ғуломшоева намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобиламоҳ Ғуломшоева барои фаъолияти пурсамараш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» дараҷаи I, медали «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (соли 2011) ва «Ифтихорнома»-и Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16 декабри соли 2013) мукофотонида шудааст.
Занони фаъоли ноҳияи Рӯшон имрӯзҳо анъанаи неки занҳо- депутатҳои дар боло зикршударо давом дода, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шарафмандона кор мекунанд ва хотираи собиқ депутатҳоро пос медоранд.
Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Поделиться в