Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Шӯрои навбатӣ

14 сентябри 2022, чоршанбе

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумахон бо мақсади пешгирии ҳолатҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, касалиҳои сироятӣ, ҳамзамон ҷалби насли наврасу ҷавон ба омӯхтани касбу ҳунар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, масъулиятшиносӣ Шӯрои васеи занону духтарони вазорту идораҳо, ташкилоту муассисаҳо бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ. Сардорони раёсат ва мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Вазири маориф ва илм Абдухолиқзода Лутфия, муовини Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам ва Прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайаълозода Ҳувайдо иштирок ва вобаста ба масъалаҳои болозикр суханронӣ намуданд.

Поделиться в