Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯриҳои судманд

15 сентябри 2022, панҷшанбе

Тибқи нақша чорабинии бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", эҳтиром ба фарҳанги ниёгон, пешгирии исрофкорӣ, тақлидкории ҷавонон ба пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати мо бегона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба амалҳои нангин, зӯроварӣ дар оила, парокандашавии оилаҳои ҷавон, оиладоршавии бармаҳал, аз таҳсил дур мондани духтарон, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ мулоқоти мудири бахши кор бо занон ва оила ва гурӯҳи тарғиботии МИҲД-и ноҳияи Файзобод бо хонандагон ва падару модарони МТМУ  №29 ва №37 баргузор гардид.

Поделиться в