Эълон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои ишғоли мансабҳои зерин ОЗМУН эълон менамояд:
- Сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумита -1 ҷой;
- Сармутахассиси шуъбаи ташкилии Кумита – 1 ҷой;
- Мутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумита -1 ҷой;
Талабот ба довталабон:
Талаботи тахассусӣ барои сармутахассис- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ ҳатмӣ буда, музди меҳнат – 1577 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои мутахассис таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмӣ буда, музди меҳнат – 1062 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
- 2 адад акси 4х6;
- нусхаи диплом;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038);
- нусхаи шиноснома;
- шарҳи ҳол;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома (справка-объективка);
-маълумотномаи доғи судӣ.
Донистани якчанд забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба инобат гирифта мешавад.
Қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯзи чопи эълон оғоз гардида, рўзи охирини қабул баъд аз 21 рўзи чопи эълон мебошад.
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Академикҳо, Раҷабовҳо 3, тел: 227-24-38
e-mail: kumitaizanon@mail.ru