Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баррасии фаъолияти соҳа

16 сентябри 2022, ҷумъа

Таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини раиси кумита Абдулозода Умеда Бегмурод  маҷлиси  ҳисоботӣ – таҳлилӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фархор, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон баргузорт гардид.

 Мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиҳои болозикр муваффақияту камбудиҳои соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳатти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти  татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили аз таҳсил дур мондани духтарон, ба касбу ҳунар омӯзӣ ҷалби занону бонувон, пешгирии пошхурии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии раванди болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумита дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Поделиться в