Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

ТАЪЗИЯ

19 сентябри 2022, душанбе

Имрӯз қалби нозуку меҳромези модарони ҳар ду тараф, чи тоҷику чи қирғиз аз талафоти ҷонии фарзандон нолону фиғон дорад. Душманону хонинони миллат мехоҳанд бар дӯстиву садоқати ду халқи ба ҳам дӯст теша зананд, вале ин ҳеҷ гоҳ ба онҳо муяссар намешавад, чун мардуми ҳар ду тараф аз хунрезию аз даст додани наздиконашон ба дод омадаанд. Ҷавонмардоне, ки бахри ҳифзи як порча замину хоки ватани азизи худ ҷон бохтанд, дарси матонату мардонагиро нишон дода, аз худ номи неки қаҳрамонро боқӣ гузоштанд. Сари таъзим ба ин ҷавонмардон ва ба модарони онҳо, ки чунин фарзандони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намуданд. Ҳарчанд баҳри осоиштагии давлату миллат ин фарзандони ҷавонмарги модари тоҷик ҷон ба ҷонофарин супориданд, ному пайкори некашон то абад дар дилу дидаи мардум боқӣ мемонад ва барои насли наврасу ҷавон намунаи олии ибрат мебошад. Ба ин ҷавонони ғӯрамарг биҳишти ҷовидона ва ба модарони чигарсухтаашон сабри ҷамил хоҳонем. Мо модарон, ғамшарики Шумоем.

Поделиться в