Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ

29 майи 2020, ҷумъа

Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар ду ҳафтаи сипаригашта корҳои фаҳмондадиҳиро тариқи усули “Хона ба хона” дар ҷамотҳои деҳот ба роҳ монд.

Аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Наврӯзи деҳаҳои Бешкаппа, Сангоба, Корвон, Қора-қамар дар 494 оила бо 2905 нафар аъзоёни хонавода, дар ҷамоати Истиқлоли деҳаҳои Комсомол ва Муъминобод дар 70 оила бо 445 нафар аъзои оила, дар ҷамоати Фирӯзи деҳаи Муродтеппа дар 30 оила бо 240 нафар аъзоёни оила, дар умум аз тарафи гурӯҳҳои корӣ дар 683 оила бо 3590 нафар аъзоёни хонавода оид ба пешгирии паҳншавиии бемории сироятии каронавирус суҳбат гузаронида шуда, маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ дастрас гардиданд.

Поделиться в