Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баррасии фаъолияти соҳа

20 сентябри 2022, сешанбе

Таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон маҷлиси  ҳисоботӣ – таҳлилӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Норак, Носири  Хусрав, Кушониён, Данғара ва Темурмалики вилояти Хатлон баргузорт гардид.

 Аз ҷониби  роҳбарият мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳатти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти  татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили аз таҳсил дур мондани духтарон, ба касбуҳунаромӯзӣ ҷалби занону бонувон, пешгирии пошхурии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии раванди болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумита дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. 

Поделиться в