Баланд бардоштани мақоми занони ҳуқуқшинос дар низоми идоракунии давлатӣ
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо иштироки намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Баланд бардоштани мавқеи занони ҳуқуқшинос дар низоми идоракунии давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон зимни баромад арз намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо ба танзим дароварда, ҳуқуқпоймолкуниро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ мекунад ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар менамояд.
Баробарҳуқуқӣ ин пеш аз ҳама ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун мебошад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала дар кори мизи мудаввар мавзуъҳои мақоми кунунии занони ҳуқуқшинос дар мақомотҳои давлатӣ, баланд бардоштани нақши занон дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, хизмати давлатӣ, дар низоми идоракунии давлатӣ, дар мақоми судӣ ва прокуратура: натиҷаҳои бадастомада, нақшаҳо ва мушкилот мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рўи баромади намояндагони сохторҳои давлатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Қайд кардан зарур аст, ки мизи мудаввар дар доираи амалишавии ташаббуси “Нури рушноӣ”, ки ҳамоҳангсози он Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиааст, рўи кор омад.