Баррасии фаъолияти соҳа
Таҳти раёсати муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон маҷлиси ҳисоботӣ – таҳлилӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, Дӯстии вилояти Хатлон баргузорт гардид.
Аз ҷониби роҳбарият фаъолияти мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иштирокдорони ҷаласа ҷиҳатти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили аз таҳсил дур мондани духтарон, ба касбу ҳунар омӯзӣ ҷалби занону бонувон, пешгирии пошхурии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии раванди болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз аз ҷониби роҳбарияти Кумита дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.