Вохӯрии ҷолибу ибратбахш
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 сентябри соли 2022 дар ҷамоатҳои ноҳияҳои Рашт бо шаҳрвандони ноҳия вохӯриҳо баргузор намуд. Қобили зикр аст, ки вохӯриҳо бо иштироки васеи аҳолии деҳаҳои Бедак, Кочони ҷамоати деҳоти Навдӣ, аз ҷумла, омӯзгорон, волидон ва хонандагони синфҳои болоии МТМУ №27, фаъолони ҷамоат, шахсони барӯманд, занони хонанишин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳо оид ба дастовардҳои рушди кишвар дар соли сипаригардида дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар, сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занону бонувон, ҷавонони кишвар таъкид гардида, воабста ба хатарҳои зуҳуроти эстремизму терроризм дар кишварҳои дунё, таҳдиди ин хатарҳо барои башарият ва тамаддуни ҷаҳонӣ ва истиқлолияти давлатҳои дунё, аз они ҷумла, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон, оид ба мақоми оила, волидон, нақши омӯзгорон дар тарбияи дурусти насли ҷавону наврас андешаронӣ сурат гирифт. Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” шарҳ дода шуд.
Дар баромадҳои худ намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла, омӯзгорон, толибилмон, собиқадорони меҳнат, ходимони дин, фаъолони ҷамоатҳо оид ба дастгирии якдилонаи Пешвои миллат ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи мустаҳками худро изҳор намуданд.