Нидои қалби модарон
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои занону модарони Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба вуқўъ пайвастани ҳодисаҳои нангину фоҷиабори рўзҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон сахт беқарору ранҷур гардида, умед бар он доранд, ки Тоҷикистонро дубора ба майдони ҳарбу зарбу харобазор табдил намедиҳем, миллати баҳамомадаву сарҷамъро пароканда намесозем, фирефтаи найрангу дассисабозиҳои хоинони ин давлату ин миллат намегардем ва аз мардуми ҳамсоякишварҳои худ, махсусан Қирғизистон низ ин амалҳои инсондўстонаро тақозо менамоем.
Таърих гувоҳ аст, ки равобити дўстии Тоҷикистону Қирғизистон аз рўзҳои ба сари ҳокимият омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам густариш ёфта, фазои солими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар ду кишвар ҳукмфармо гардид. Соҳаҳои иқтисоди миллии ду давлати рў ба рушд аз муносибатҳои наҷибонаи сарони давлатҳо ва мардуми дўсту тифоқ марҳила ба марҳила тараққӣ карда, обрўву нуфузи волои ду давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Вале чуноне дар урфият мегўянд, «Ҷомеа бе инсони махлуқ намешавад». Тавассути ин махлуқони аз сиёсати давлат дур разилону хоинон, бадбинону саркардагони гуруҳҳои иғвогар фазои осоиштаи ҷомеа халалдор, халқ ноором, суботи сиёсӣ доғдор, оила пароканда, модар аз фарзанд, падар аз писар, фарзанд аз волидайн ҷудо гардида, кўдакеро ятиму модареро ҷигарсўхта, падарону бародаронро дар сангарҳои хунин дучори ҳамлаҳою амалҳои ғайриинсонӣ гардониданд.
Ҳодисаҳои даҳшатбору хунини дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқўъпайваста ҷони чандин фарзандони баору номуси ду кишварро хазон намуда, хонаи орзуҳои тифлаконро вайрон, занеро бешавҳар, модареро бе писар, оилаву ҷомеаро бесарусомон намуд.
Ҷавонони ноогоҳ аз фитнаву макр, ситезаву ғурури ҷудоиандозии қавму миллатҳо, ки бо ҳам пайванди хешутаборӣ доранд, ба доми найрангу дассисаҳои нохалафонаи душманони миллати тоҷику қирғиз афтода, ба сари хоҳарону модарон, падарону бародарон ва ҳамсояҳои наздики худ тири аду холӣ намуданд. Бо ин амали интиқомҷуёна чандин хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва талафоти ҷонӣ аз ҳар ду тараф ба миён омад. Ин иғвоангезӣ ҳатто тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳандозӣ гардида, сару садоҳои баланди ҳар ду ҷонибро ба ҷаҳони пуртаззод пахн намуд.
Дар ин қазияи баамаломада, ки вазъи сиёсии ду тарафи сарҳадро ноором сохту талафоти ҷониро ба вуқўъ овард, ҷониби Қирғизистон даст дошт. Аз гуфторҳои сокинони қирғиз дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки ин кирдори ноҷавонмардона пешакӣ аз ҷониби гуруҳҳои манфиатдор, бадбинони ду миллат тарҳрезӣ гардида, сокинони муқими наздисарҳадиро ба гирифтани яроқу аслиҳа ва даст задан ба куштору хунрезӣ маҷбур сохтанд, дар сурати иҷро накардани фармоиши хоҷагони ҷоҳилу ватанфурўш аз эмин мондан ё намондани аъзои хонаводаашон сухан мерафт. Шояд ин як роҳи сафедкунӣ ва ё тактикаи ҳамлаи «аёрона» бошад ва шояд ҳақиқати гуфтор бошад? Дар ҳама ҳол вақт довар аст. Бо гузашти айём ватанфурўшону душманон дар назди қонун сари таслим хоҳанд кард, вале аз дили нозуку муҳаббатофари модари сулҳҷўву сулҳхоҳ новобаста аз он ки пораи қалби худро аз даст дод, сокинони ду ҳамсоякишварро ба сулҳ, дўстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмию эҳтиром ва садоқату вафодорӣ даъват менамоем. Чун аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон шаҳди нокомиву ноумедиро чашидаем, намехоҳем, ки он лаҳзаҳои мудҳиши ҷангу ҷадал, хунрезиву бародаркушӣ дубора такрор ёбанд.
Аз ин рў, ба фитрату нерўи ҷомеасози фарзандони ҷасуру ғаюри ватан ба хотири таҳкими решаҳои дўстии тоҷикону қирғизон, рафоқату муҳаббат, ҳифзи арзишҳои волои инсонӣ, сулҳу суботи деринтизори кишвар, таҳкими пояҳои ватандўстию ватанпарастӣ ва пояҳои устувори давлату давлатдорӣ бояд кўшиш намоем.
Модарон аз кулли мардум даъват ба амал меоранд, ки ин муттаҳидӣ, ин сарҷамъӣ, ин садоқату муҳаббатро аз даст надиҳем, то нохалафе, хоине, нобакоре натавонад риштаи мустаҳками дустиву якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва мароми ягонаи созандагии моро пароканда созад. Нагузорем, ки ин разилон ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Занҷираи бародарию баробариро бо муҳаббату садоқат ба ҳамдигар, ба давлату миллат боз ҳам мустаҳкам намоем, то душманони баднафсу бадрафтор, саркардагони амалҳои ифротӣ онро шикаста натавонанд, душман дубора ноумед ва миллати тоҷик сарбаланд бошад.