Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

АВВАЛИН МУАЛЛИМАИ ТОҶИК

29 сентябри 2022, панҷшанбе

 

Дар таъриху фарҳанги мо, тоҷикон, зан-модар ҷойгоҳи хоссе дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, бахусус маорифу тандурустӣ, илму сиёсат занон нақши созгоре дошта, дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳми арзандае мегузоранд. Дар ин раванд кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг, аз оғоз хеле фаъол буданд. Яке аз аввалин муаллимаи тоҷик Баҳринисо Тоҳирова мебошад.

 

Ӯ соли 1924 ба сифати омӯзгор ба Дорулмуаллимини тоҷик, ки дар шаҳри Тошканд қарор дошт, ба кор омад. Дар он солҳо шумораи занон-омӯзгорон аз ҳисоби тоҷикон қариб вуҷуд надоштанд ва Дорулмуаллимин нахустин донишкадае буд, ки аз ҳисоби тоҷикон кадрҳои омӯзгорӣ тайёр мекард. Баҳринисои ҷавон тамоми неруи худро баҳри ҷалби ҷавонону духтарон ба таҳсил ва тайёр намудани омӯзгорони касбӣ аз ҳисоби тоҷикон, равона намуд. Дар ин самт пайваста дар рӯзномаҳои “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Правда Востока” мақолаҳо нашр намуда, дар маҷлису ҷамъомадҳо суханрониҳо мекард.

Чунончи, рӯзномаи “Овози тоҷик” соли 1928 хабар дода буд, ки “дар шаҳри Тошканд мактаби занона ва курсҳои маҳви бесаводӣ кушода шуд. Ба он тоҷикзан Баҳринисо ном муаллима роҳбарӣ мекунад. Ба туфайли меҳнати пурмаҳсули ӯ шумораи хонандагон – занону духтарон рӯз ба рӯз афзуда истодаанд”.

Соли 1933 ӯро ба Сталинобод (Душанбе) даъват мекунанд. Дар вазифаҳои корманди қатории нозироти маориф, ҷонишини нозири маориф, директори омӯзишгоҳи занонаи шаҳри Сталинобод, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Сталинобод фаъолият менамояд..

Саҳми Баҳринисо Тоҳирова дар ташкилу мустаҳкам кардани низоми маориф, таъсиси омӯзишгоҳҳо, даъвати омӯзгорон аз дигар ҷумҳуриҳо, таълифи нахустин китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ, инчунин, дар тараққиву ободонии шаҳри Душанбе калон аст.

Ҳаёт, фаъолият ва роҳи дар зиндагӣ тайкардаи Баҳринисо Тоҳирова ин хизмат ба халқ, ба Ватан - Тоҷикистони азизаш буд. Хизматҳои Баҳринисо Тоҳирова дар саҳифаи таърихи миллат чун нишонаи садоқат ва ҷасорат боқӣ хоҳад монд.

Бахтовар ТЕМИРЗОДА,

Поделиться в