Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Такмили малакаҳои касбӣ

30 сентябри 2022, ҷумъа

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 семинар-тренинги омӯзишӣ баргузор намуд.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба кори семинар ҳусни оғоз бахшида, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи амалишавии “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, механизми миллии ҳисоботдиҳӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, пешгирии зуровари дар оила, Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзоёни оилаи онҳо, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он ва дигар масоили марбут ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳо муқаррар менамояд, баромад намуда, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посух гардонданд.
Семинар бо ҷалби сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.
Ҳадафи баргузории чунин машғулиятҳои омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи касбии занону бонувон, таъмини амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти занон дар сатҳи маҳал ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мебошад.

Поделиться в