Оғози курси шашмоҳаи “Мактаби сарварони ҷавон”
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” курси шашмоҳаи омўзишии “Мактаби сарварони ҷавон” барои донишҷўдухтарони фаъолу аълохони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо иштироки директори Маркази омўзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Аюбӣ Бибиосия ифтитоҳ гардид.