Забон -пояи устувори давлат
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ, ки дар масири тантанаҳои ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ таҳти унвони «Забон-пояи устувори давлат» мизи мудаввар баргузор гардид.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон нуқтаи назари худро андар фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатиро касб намудааст, иброз намуда, зикр дошт, ки забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад. Маҳз, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин месозад.
Зикр гардид, ки забони давлатӣ дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дошта, ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.
Имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон дар ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд.
Аз ин рӯ, бузургдошти Рӯзи забон ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.
Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, таҳти таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор доштани забони давлатиро махсус қайд намуданд.
Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва устодону донишҷӯдухтарони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумита низ суханронӣ намуда, миёни иштирокдорон мубодилаи афкор суръат гирифт.