Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

05 октябри 2022, чоршанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо пайки файзи нусратбори меҳан Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни фархундаи камолотатонро Пешвои муаззами миллат бо шодбошии самимона аз номи кулли занону бонувони кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Яздони пок ба Шумо тани сиҳату нерӯманд, умри бардавом ва саодати хонадонро таманно менамоем.
Шумо, ҳомии асили миллат, бо хиради азалӣ, ҷасорату мардонагӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи дигар шоҳкориҳо ба мақоми забони давлатӣ, таъриху фарҳанг, мавқеи занону модарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои мардуми ин сарзамини куҳанбунёд зиндагии шоистаро таъмин намудед.
Маҳз самараи ҳамин шоҳкориҳо аст, ки имрӯз бо ифтихормандӣ ҳар як модар Шуморо фарзанд, ҳар як хоҳар Шуморо бародар, ҳар як духтар Шуморо падар ва ҳар як кӯдак Шуморо бобо мехонад. Фахр аз он дорем, ки сарвари саропо хирад, ватандӯст ва ватанпараст дорем!
Бо дуои кулли модарон, ки қавитар аз сипари фулодин аст, ба Шумо, Пешвои муаззами миллат дар густариши раванди давлатдорӣ барору комёбиҳои беназир таманно менамоем.
Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни фархундаи камолоти умр муборак бошад, муҳтарам Пешвои муаззами миллат!

Поделиться в