Ниёзи кӯдак ба муҳаббату навозиш аст.
Ҳамасола якуми июн дар бештари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Аз таърихи таљлили ин санаи фархунда бармеояд, ки соли 1925 бо қарори Анҷумани Шӯрои Федератсияи байналмилалии демократии занон рўзи 1 июн Рўзи ҳифзи кӯдакон эълон гардида, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил шуд. Маврид ба зикр аст, ки баъзе кишварҳо 20 ноябр, рӯзи тасвиби эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдакро ҳамчун Рӯзи умумии кӯдакон ҷашн мегиранд.
Инчунин, баҳри ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ҷаҳон Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак амал мекунад, ки аз ҷониби Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 20-уми ноябри соли 1989 қабул гардидааст, ки тамоми давлатҳои дунё онро пазируфтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсия дар бораи қуқуқҳои кӯдакро соли 1993 ба тасвиб расонд ва ӯҳдадориҳоро барои амалӣ намудани принсипҳои дар Конвенсия қайдшуда ба зимма гирифт. Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак яке аз аввалин конвенсияҳое мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба тасвиб расонид ва ӯҳдадориҳои ҳақиқии худро барои насли ҷавон ҳамчун ояндаи дурахшони кишвар нишон дод. Тибқи Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, ҳар як шахси аз 18 сола хурд кӯдак ба шумор меравад. Бештар аз 30 дар сади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо барои Ҷумҳурӣ захираҳои хеле муҳим ба ҳисоб мераванд, бинобар ин давлат барои муҳайё намудани шароитҳои беҳтарин барои кӯдакон саъю талошҳои зиёдеро ба харҷ медиҳад. Муҳимияти таҷлили Рӯзи кӯдакон дар он аст, ки дар ин рӯз муҳаббату навозиш ва ҳисси масъулиятшиносии калонсолон ва волидайн нисбат ба кӯдакон боз ҳам зиёд шуда, бо кӯдакон баробари калонсол муносибат менамоянд, ба гуфтаҳояшон гӯш медиҳанд, дархосту хоҳиши кӯдаконро иҷро мекунанд. Яъне, ин маврид барои кӯдакон заминае фароҳам мегардад, ки барои танзими муносибат ва эҳтироми хуб нисбати калонсолон ва волидайн, ғамхорӣ нисбати онҳо худро масъул ҳисобанд.
Бояд қайд намуд, ки дар оилаҳои тоҷик ба масъалаи тарзи ҳаётгузаронии кӯдак, аз ҷиҳати моддӣ таъмин будани ӯ, фаро гирифта шудани кӯдакон ба таҳсил ва ғамхорӣ ба онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳар як падару модар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фарзанди солиму солеҳа, баору номус, донишманду ватанпарвар ва ҳувияти баланди миллидоштаро ба воя расонанд. Кӯшиш бар он доранд, ки саҳми ҳар як фарзанди модари тоҷик дар ободу хуррамгардонии ватан босазо бошад ва фарзанди онҳо ифтихори онҳо бошад.
Бо дуои модаронаи худ дар ин рӯзи фархунда кӯдакони ҷаҳонро бо Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон табрику таҳният гуфта, ба ояндасозони давлату миллат осмони софу беғубор, хушбахтӣ, саломатӣ, давраи ширини кӯдакӣ хоҳонем.
Ҳамеша хушбахт бошед ва кӯдаконро дӯст доред.