Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

«Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Сафои хонадон» дар самти тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе»

04 октябри 2022, сешанбе
 
Тибқи Низомнома озмун дар ду давр баргузор мегардад. Даври аввал дар ноҳияҳои шаҳрӣ Душанбе баргузор гардида, ғолибони озмун аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ ба комиссияи шаҳрӣ пешниҳод гардиданд. Санаи 4 октябри соли 2022 аъзои комиссияи шаҳрӣ бо мақсади муайян намудани ғолиб ва иштирокчиёни озмун барои ҷамъбасти даври шаҳрӣ аз ҳолати вазъи кунунии манзилҳои истиқоматӣ, ҳолати биноҳои гирду атроф, кабудизоркунии назди биноҳои истиқоматӣ робитаи оилаҳо бо муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дидан намуданд. Ғолибони озмун аз тарафи аъзои комиссия баҳогузорӣ гардида, бо туҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрӣ Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

Поделиться в