Амалисозии Стратегияи миллӣ
01 январи 1970, панҷшанбе
Санаи 7 - уми октябри соли ҷорӣ ҷиҳати амалисозии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вобаста ба ташкили машғулияти омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва тахассусии занон ва духтарони деҳот машғулияти омӯзишӣ барои кормандони ҷузу томҳои минтақавии Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон дар бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар машгулияи омӯзиши иштирокчиён аз ҳисоби занону бонувони ҷузу томҳои ВКД аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, ба иштирокчиён доир ба баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқи вобаста ба амалишавии санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ, барнома ва стратегияҳои амалишаванда марбут ба баланд бардоштани мавқеи занон дар кишвар омӯзиш гузаронида, дар қисмати охири чорабинӣ иштирокчиёни доир ба амалишавии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатхои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила>> инчунин, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавондухтарон дар ҷомеа саволу ҷавобҳо доир гардид.