Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Баррасии фаъолияти соҳа

12 октябри 2022, чоршанбе
Таҳти раёсати Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон маҷлиси ҳисоботӣ – таҳлилӣ ҷиҳати баррасии фаъолияти шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод ва Сангвор баргузорт гардид.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита фаъолияти мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили аз таҳсил дур мондани духтарон, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалби занону бонувон, пешгирии пошхурии оилаҳо, ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занону духтарон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии раванди болоравии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои умдаи рӯз дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Поделиться в